Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Уляновск
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 26 то 28 сентябр Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев дар шаҳри Уляновски ФР дар Кунгураи байналмилалӣ зери унвони «Фарҳанг чун захираи навсозӣ» иштирок намуд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, сафари А. Достиев ба шаҳри Уляновск бо даъвати губернатори вилояти Уляновск сурат гирифт. Кунгураи ёдшуда бо мусоидат ва иштироки роҳбарияту намояндагони вазорати фарҳанги Русия, Кумитаи Думаи Давлатии Русия оид ба фарҳанг, Шӯрои ИДМ оид ба ҳамкории гуманитарӣ, Бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ, Шӯрои Аврупо, ЮНЕСКО, СММ ва ниҳодҳои дигар баргузор гардида, дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ низ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷараёни боздиди худ аз шаҳри Уляновск Сафири Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, инчунин намояндагони тоҷикистониёни муқими вилояти Уляновск дидору гуфтушунид анҷом дод. Дар ин росто, аз таъсиси Хадамоти кор бо муҳоҷират дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъол шудани намояндагии он дар Русия, нақшаву барномаҳои мушаххас ҷиҳати ҳалли ҷанбаъҳои мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирин ва беҳбудбахшии кору зиндагии онҳо низ сухан рафт. Ҳангоми мулоқоти Сафири Тоҷикистон А. Достиев бо муовини якуми Раиси ҳукумати вилояти Уляновск А. Якунин сатҳи кунунӣ ва дурнамои инкишофи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Точикистон ва вилояти Уляновск мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо алоқамандӣ ва омодагиашонро дар ин росто таъкид намуданд. Зимнан, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши саноат, роҳандозии равобиту ҳамкории наздик бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон, имкони ташкил ва баргузории рӯзҳои вилояти Уляновск дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии Уляновск ва табодул миёни устодону омӯзгорон муҳокима гардид. А. Якунин аз номи роҳбарияти вилоят изҳор дошт, ки онҳо омодаанд дар асоси пешниҳоди Сафорат, пайи баррасӣ ва роҳандозии ҳамкории мушаххас бо шаҳр ё вилояти алоҳидаи Тоҷикистон шаванд. Ба ин мақсад ва ҳам муайян кардани соҳаҳои зарурии ҳамкорӣ, ӯ, қабл аз ҳама, ташкили сафари ҳайъатҳои ду ҷонибро ба он шаҳру вилоят мувофиқи мақсад донист. Сафири Тоҷикистон дар бораи баъзе мушкилоти ҳамватанон дар вилоят сӯҳбат карда, бахусус аз масъалаи таъмини донишҷӯёни тоҷик бо хобгоҳ ва имкони ҷудо кардани утоқи корӣ ба Созмони ҷамъиятии тоҷикони вилоят ёдрас шуд. А. Якунин посух дод, ки масъалаҳои мазкур дар наздиктарин мӯҳлат ба таври мусбат ҳал хоҳанд гардид. А. Якунин аз баргузории Ҳамоиши байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ, ки қарор аст, моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Уляновск доир гардад, ёдовар шуд ва ҳамзамон изҳори умед намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок хоҳад кард. Дар рафти вохӯрии Сафир А. Достиев бо А. Алексахин сардори Раёсати Хадамоти федеролӣ оид ба муҳоҷирати вилояти Уляновск, доираи васеи масъалаҳои марбут ба кору зиндагии тоҷикистониён дар вилояти Уляновск ва умуман, Русия, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, густариши ҳамкории ниҳодҳои дахлдор дар ин замина баррасӣ шуд. А. Алексахин дар бораи тоҷикистониёни муқими Уляновск сухан ронда, бахусус аз заҳмату таҳаммулпазирӣ, самимияту инсондӯстии онҳо хотирнишон шуд. Ҳамчунин, Сафири Тоҷикистон бо Б. Зотов Раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Уляновск вохӯрда, дар бораи ҳамкории дуҷониба, масоили будубоши тоҷикистониён сӯҳбат кард.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






