Cӯҳбати Сафири Тоҷикистон дар шабакаи якуми телевизиони Саудия
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 11 сентябри соли ҷорӣ сӯҳбати телевизионии Сафири Тоҷикистон дар мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо барандагони барномаи шабакаи якуми телевизиони Саудия «Субҳҳангоми Саудия» хонум Будур Аҳмад ва Абдуллои Саъдӣ давоми 20 дақиқа ба таври мустақим доир шуд. Дар оғози сӯҳбат хонум Будур Аҳмад роҳбарият ва халқи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи 20-умин солгарди Истиқлоли кишвар табрик намуд.Ҳангоми сӯҳбат роҷеъ ба чор мавзӯъ саволу ҷавоб сурат гирифт: муаррифии Тоҷикистон; муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва мамлакати Арабистони Саудӣ; нақши фарҳангӣ ва ақоидии тоҷикон дар тамаддуни арабӣ-мусулмонӣ; ислом ва Тоҷикистон дар асри XX. Сафир қаноатмандии ҷониби Тоҷикистонро оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳор кард ва дар пешбурди онҳо нақши натиҷаҳои сафарҳо ва вохӯриҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Саудро аз соли 1994 то имрӯз таъкид намуд. Дипломати тоҷик ба фаъолияти Сафорати Саудия дар Тоҷикистон баҳои баланд дод ва ҳамзамон таъкид кард, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз кӯшишҳои дучанд ба харҷ хоҳад дод, то муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар мустаҳкам ва ҳамкориҳои иқтисодии онҳо соҳаҳои ҳарчи бештарро фаро гиранд. Оид ба ислом ва Тоҷикистон дар асри XX Сафир А. Юлдошев ишора кард, ки «Исломи покиза, исломи бе олоишҳои сиёсӣ ва муғризона дар Тоҷикистон, новобаста аз баъзе ахборе, ки ҳақиқатро инъикос намекунанд, чун ҷузъи фарҳанги халқи тоҷик ба хайр аст ва ҳамин тавр хоҳад монд», — тазаккур дод ӯ.Дар охири сӯҳбат Сафир А. Юлдошев аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аълоҳазрат Подшоҳ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд, аркони давлат ва халқи бародари саудӣ муваффақият ва пирӯзӣ орзу намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






