Дар ҳудуди Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград 80 ҳазор нафар тоҷикистониён зиндагӣ мекунанд
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳайати Раёсати Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия (РХФМ) дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград бо роҳбарии сардори раёсат Елена Дунаева ва намояндагии корхонаи федералии воҳиди давлатии «Паспортно – визовый сервис» — и РХФМ бо сардории директори намояндагӣ Елена Корлёва барои боздиди расмӣ ба шаҳри Душанбе омад. Ҳайати Русия дар ҷараёни сафараш бо Роҳбарияти Хадамоти Муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он як қатор мулоқот анҷом доданист, зеро мақсади асосии сафари роҳбарони ниҳодҳои минтақавии РХМ Русия иборат аз муҳокимаи масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленингарди Федератсияи Русия дар чаҳорчӯбаи интихоби муташаккилона мебошад. Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Тоҷикистон» мулоқоти аввали ҳайат бо намояндагони Хадамоти муҳоҷират, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ва ноҳияҳои он, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ баргузор шуд.Зимни мулоқот маҷмӯи масоили бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмину ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи шимолии Федератсияи Русия баррасӣ шуданд.Назар ба маълумоти расмӣ, ҳоло дар ҳудуди шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград 80 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, зикр намуд Елена Дунаева.Мувофиқи суханони роҳбари РХФМ, имрӯз дар шимоли мамлакат ба манзури хизматрасонии самарабахш ба соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград ва барои онҳо фароҳам овардани шароити дилхоҳи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо «Маркази ягонаи муҳоҷират» таъсис ёфтааст. Маркази мазкур ҳамчунин дар амри ҷалби муташаккилона ва истифодаи қувваи кории хориҷӣ аз рӯи ихтисосу касб мадад мерасонад. Муҳоҷири меҳнатие, ки хоҳиши тавассути ин марказ ба кор дохил шуданро дошта бошад, барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд каме зиёдтар аз 10 ҳазор рубли русиягӣ пардозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






