Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ғалла идома дорад

Сентябрь 15, 2011 09:54

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар масоҳати 300 ҳазору 213 гектар ғалла кишт шуд, ки то 12 – уми сентябри соли ҷорӣ ҳосили 238 ҳазору 742 гектари он даравида шудааст.Тибқи маълумоти фаврии раёсати мазкур, ҳосили умумии ғаллаи кӯфташуда 484 ҳазору 902 тоннаро ташкил дод. Аз ғаллаи кӯфташуда 418 ҳазору 725 тоннаашро гандум ташкил медиҳад.Барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо ғалла дар як сол 1 миллиону 300 ҳазор тонна ғалла истеҳсол намудан лозим меояд. Ҷумҳурӣ ҳамасола ба миқдори 550 – 600 ҳазор тонна ғалла истеҳсол менамояд, ки он барои таъмини аҳолӣ бо озуқа кифоя нест. Аз ин рӯ, ҳамасола аз хориҷи кишвар аз 400 то 600 ҳазор тонна гандум ворид мешавад.

Сентябрь 15, 2011 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад