Дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
Душанбе. 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 21 – 22 сентябр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, дар кори маҷлис дар баробари Тоҷикистон фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои аъзои Иттиҳод низ иштирок менамоянд. Ба гуфтаи манбаъ дар маҷлиси Шӯрои фармондеҳоти қӯшунҳои сарҳадӣ бояд масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар ташкили назорати сарҳадӣ, ҳамкорӣ ба манзури ҷилавгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар. аслиҳа ва лавозимоти ҳарбӣ баррасӣ шавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






