Дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ кушода шуд

Сентябрь 4, 2011 14:39

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ оғоз ёфт.Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бинои муҳташами Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки толори бузурги ин маҷмаа бо 1,5 ҳазор ҷойи нишасти тамошобинон барои намудҳои зиёди варзиш, аз ҷумла волейбол, баскетбол, ганбол, футболи хурд ва муҳорибаҳои гуногуни тан ба тан пешбинӣ шудааст.Ин маҷмааи бузурги варзишӣ, дорои толори машқу тамрини гимнастикӣ барои духтарон, толори муҷаҳҳази варзиши бадан барои писарон ва ҳавзи шиноварӣ бо тамоми шароити муосири мутобиқ ба талаби замон мебошад. Хотиррасон бояд намуд, ки оғози бунёди иншооти сершумори варзишӣ дар тамоми гўшаю канори кишвар баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гашта буд, бо супориши Сарвари давлат авҷ гирифт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ин бинои муҳташами дорои шароити хуби машқу тамринро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили солгарди 20 — уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон номида, иттилоъ дод, ки дар ин рўзҳои идона дар кишвар даҳҳо варзишгоҳҳо, толорҳои хурду бузурги варзишӣ ва дигар иншооти ин соҳа мавриди истифода қарор мегиранд ва бунёди даҳҳо иншооти варзишии дигар идома дорад. Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, дар ҳудуди маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳр ба сохтмони биноҳои ояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои минбаъда оғоз бахшид.Тавре зикр гардид, бинои маъмурии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу намои зебои муосир бунёд ёфта, аз 12 ошёна иборат хоҳад буд. Дар ин бино барои зиёда аз 300 нафар кормандони ин кумита шароити хуби корӣ бо тамоми утоқу толорҳои зарурӣ муҳайё хоҳад шуд.Бинои маъмурии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 12 ошёна иборат буда, барои беш аз 250 нафар коргарон пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, оянда дар ин бино ҳамчунин роҳбарият ва кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва як зумра федератсияҳои намудҳои гуногуни варзиш низ ҷойгир хоҳад шуд.Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳарду бино бояд дар мўҳлати ду соли оянда, сохта ба истифода дода шаванд.Биноҳои маъмурии Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ду паҳлўи бинои нави дар ҳоли сохтмон қарордоштаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва рў ба рўи майдони Парчами давлатию қасри Миллат қарор гирифта, ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии ин мавзеи дилнишини пойтахт ҳусни тоза хоҳанд бахшид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 4, 2011 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад