Дастаҳои футболи Эрон аз бозиҳои лигаи қарамонии Осиё хориҷ шуданд

Сентябрь 30, 2011 10:07

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар, Аловиддин Бӯриев»).- «Фӯлоди Муборакии Сипоҳон» ва «Зубоҳан»- ду тими машҳури Эрон баъди рақобатҳои даври баргашти вохӯриҳои якчаҳорниҳоии ҷоми қаҳрамонҳои  Осиё ҳуқуқи давом додани муборизаро барои ин ҷом аз даст доданд. Дастаи «Фӯлоди Муборакии Сипоҳон» дар сафар бо тими «Ал-Садд»-и Қатар вохӯрда, бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омад, вале дар маҷмӯъ дар ҷамъи ду вохӯрӣ бо нишондоди 3 бар 2 мағлуб дониста шуд. «Зубоҳан» бошад дар шаҳри Исфаҳон аз ҳарифи худ «Сувон Самсунг Блувинс»-и Корея бо ҳамин натиҷа : 1 бар 2 шикаст хӯрд. Вохӯрии нахустини ин дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба анҷом расида буд. Акнун дар вохӯрии нимниҳоии ҷоми қаҳрамонҳои Осиё «Сувон Самсунг Блувинс» бо «Ал-Садд» ва «Ал-Иттиҳод»- Арабистони Саудӣ бо «Чеонбук Хундай Моторс» қувва меозмоянд. Тибқи низомнома дастаҳо ду маротиба  дар майдони худ ва  сафар  бозиҳояшонро барпо мекунанд. Бозии аввал рӯзи 19 ва бозии ҷавобӣ рӯзи 26-уми октябр гузаронида хохад шуд.                       

Сентябрь 30, 2011 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд