Дипломатҳо дар Данғара

Сентябрь 28, 2011 09:42

Душанбе. 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, аз ноҳияи Данғара боздид намуда, бо вазъи муассисаҳои таълимии он ошно гардид. Тибқи иттилои Ноилшо Нуралиев, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ғуломҷон Бобозода, Сафири Ҷопон дар Ҷумхурии Тоҷикистон Йошихиро Накоями, намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон Иида Сан ва мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Олим Раҳимов вазиррро дар сафар ба Данғара ҳамроҳӣ намуданд. Дар филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара меҳмононро устодону донишҷӯён ва хонандагони Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидалиев, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва дипломатҳои тоҷику ҷопонӣ — Ғуломҷон Бобозода ва Йошихиро Накоями роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҷопон ва иқдомоти ин кишвар дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусан бахши иқтисод, маориф табодули назар карда, ба сатҳи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар баҳои баланд доданд. Зикр шуд, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон дар бахшҳои роҳсозӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва ҳамкориҳои гуманитарӣ, бахусус таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷопон як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд, ки шаҳодати тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон ва дурнамои неки он аст.

Сентябрь 28, 2011 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад