Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия 15-сола шуд

Сентябрь 16, 2011 12:00

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Имрӯз аз таъсиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия 15-сол пур шуд. Бахшида ба ин сана дар донишгоҳи мазкур чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мешаванд, ки дар он гурӯҳи проффесорону устодон ва донишҷӯён таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмадюсуф Имомов ширкат менамоянд. Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз соли 1996 инҷониб ҳамчун мактаби олии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ тарғибгари фарҳанги славянӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳангоми ифтитоҳи Донишгоҳи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар он ду факулта- гуманитарӣ ва ҳуқуқу иқтисод амал мекард ва дар он шумораи ками устодон фаъолият менамуданд. Имрӯз дар донишгоҳ панҷ факулта-иқтисодиёт, филология, таърих ва муносибатҳои байналмиллалӣ, ҳуқуқ, тарбияи довталабон ва хизматрасонии маърифатии иловагӣ амал мекунад. Айни замон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия 2215 донишҷӯ дар шӯъбаи рӯзона ва 1397 нафар ба таври ғоибона таҳсил менамоянд. Дар донишгоҳ 200 муаллим, ки аз онҳо 22 нафарашон доктори илм, профессор ва 81 нафарашон номзади илм ва дотсент мебошанд, фаъолият доранд.Донишгоҳ аз 3 бинои омӯзишӣ, 8 озмоишгоҳ, 107 утоқ, толорҳои омӯзишӣ иборат мебошад. Китобхонаи донишгоҳ аз толори омӯзишӣ, ки дар бинои асосӣ ҷойгир аст, иборат буда, дар он зиёда аз 15 ҳазор нусха адабиёти омӯзишиву методӣ ҷой дода шудааст. Ин маъхази илм дорои матбаа ва нашриёти худӣ буда, донишҷӯёнро бо адабиётҳои омӯзишиву методӣ, ки барои таҳсил заруранд, таъмин менамояд.Ба истиқболи 15-умин солгарди донишгоҳ ба унвони ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Маҳмадюсуф Имомов як қатор барқияҳои табрикотӣ аз ҷумла аз номи ректори макотиби олии Тоҷикистон, сафоратхонаҳо, ҳамчунин аз номи роҳбарияти Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия расиданд.

Сентябрь 16, 2011 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад