Э. Раҳмон: 4 миллион муштарӣ аз алоқаи телефонии симиву мобилӣ истифода мебарад
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти кишвар ҳангоми суханронии худ дар ҷашни Истиқлолият гуфт, ки «музди миёнаи як коргар дар мамлакат соли ҷорӣ нисбат ба соли 1997-ум 89 баробар зиёд гардида, ҳоло беш аз 440 сомониро ташкил медиҳад ва андозаи миёнаи нафақа 118 баробар афзудааст». Дар даҳ соли охир афзоиши ҳамасолаи пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои мамлакат ба ҳисоби миёна беш аз 35 фоизро ташкил дода истодааст.Аз соли 2000-ум то инҷониб ба мамлакат беш аз 360 ҳазор нақлиёти сабукрав ворид шуд, ки ин худ гувоҳи сол ба сол зиёд шудани даромади мардум мебошад. Ҳамчунин Президенти кишвар таъкид намуд, ки «дар соли 1997 дар мамлакат ҳамагӣ 300 ҳазор муштарӣ танҳо аз алоқаи симии телефонӣ истифода мекарданд. Ҳоло беш аз 4 миллион муштарӣ аз алоқаи телефонии симиву мобилӣ истифода бурда истодаанд».Аз ҷониби дигар, дар замони истиқлолият беш аз 120 ҳазор гектар замин барои 900 ҳазор оила ҷудо гардида, беш аз 9,6 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта шуданд. Аз ҷумла, дар се соли охир бо ин мақсад қариб 25 ҳазор гектар барои зиёда аз 200 ҳазор аҳолӣ ҷудо карда шуда, тақсимоти он ҳоло низ идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






