Эмомалӣ Раҳмон: «Қабули духтарон ва писарони лаёқатмандро тибқи квотаи президентӣ таъмин намоед»

Сентябрь 1, 2011 12:09

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Имрӯз зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ӯҳдадориҳои худро ҷиҳати интихоби писарони лаёқатманд ва сафарбар намудани онҳо ба мактабҳои олӣ, ки   тибқи квотаи президентӣ муқаррар шудааст, ба таври бояду шояд иҷро намекунанд.Ӯ қайд намуд, ки мақсад аз ҷудо намудани квотаи президентӣ барои писарони лаёқатманд таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ҳангоми қабули донишҷӯён буда, чунин муносибат имкон медиҳад, ки писарони болаёқати шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ҷалб  шаванд. Ҳамчунин мутобиқи қоидаҳои қабули писарони лаёқатманд тибқи квотаи президентӣ номзадҳо ҳанӯз дар синфи ҳашт бояд муайян гарданд. Бояд масъулини мактабҳо солҳои минбаъда таҳсили онҳоро зери назорат гирифта, доир ба ҷудо намудани ҷой  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо дархост пешниҳод намоянд. Аз қабули ин тартиби кор шаш сол сипарӣ гардидааст, вале то ҳанӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ягон шаҳру ноҳияи мамлакат онро дар амал иҷро накардааст, зикр намуд Президенти мамлакат.Эмомалӣ Раҳмон ба  кормандони мақомоти марбутаи давлатӣ супориш дод, ки иҷрои босифати қабули духтарон ва писарони лаёқатмандро тибқи  квотаи президентӣ таъмин намоянд.

Сентябрь 1, 2011 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад