Фонди Pаббонӣ дар Маскав

Сентябрь 28, 2011 15:44

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар шаҳри Маскави Федересияи Русия фонди сулҳҷӯёнаи устод Бурҳонидин Раббонӣ кушода мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Раиси маркази мубориза бар зидди терроризм ва маводи нашъаовар Мавҷигул Ибодуллоева, ки худ як тан аз ташкилкунандагон ва сармоягузорони асосии фонди Раббонӣ мебошад, хабар дод. Аллакай лоиҳа ва устави фонди мазкур ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба Вазорати адлияи Русия супорида шудаанд ва фонд рӯзҳои наздик расман ба кор оғоз менамояд.Ба қавли Мавҷигул Ибодуллоева мақсад аз ташкили чунин марказ тоза ва озод намудани сарзамини Афғонистон аз маводи мухаддир, гурӯҳҳои силоҳбадаст, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони он дар хориҷи кишвар мебошад.

Сентябрь 28, 2011 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!