Иқтидори истеҳсолии корхонаи «Зарафшон» чӣ қадар аст?

Сентябрь 15, 2011 09:52

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаи муштараки тоҷикистонию чиноии «Зарафшон» аз калонтарин корхонаҳои истеҳсолкунандаи тилло дар ҷумҳурӣ мебошад,- иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, соли 2010 иқтидори истеҳсолии корхона беш аз ду маротиба афзоиш ёфт. Танҳо соли гузашта тавассути нав кардани технология истеҳсоли тилло ба 1 ҳазору 214,5 килограмм расонида шуд. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ истеҳсоли тилло дар ин корхона ба 1,5 тонна расонида шавад.Ба гуфти муовини роҳбари корхонаи «Зарафшон» Бобохон Бобохонов, таҷҳизоти корхона то соли 2016 пурра нав карда мешавад. Баъди нав шудани таҷҳизот иқтидори истеҳсолии корхонаи «Зарафшон» дар як сол ба 7 тонна расонида мешавад.Боис ба ёдоварист, ки 75 фоизи саҳмияҳои корхона ба ширкати чиноии «Zijin Mining Group» ва 25 фоизи он ба Ҳукумати ҶТ тааллуқ дорад.

Сентябрь 15, 2011 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд