Ихтироъкорони ҷавон бишитобед!
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ихтироъкорони беҳтарин» -таҳти чунин унвон ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон баргузор мегардад. Тибқи иттилои Ноилшо Нуралиев, сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз он дарёфти ихтироъкорону навоварони беҳтарину ҷавон мебошад. Ноилшо Нуралиев афзуд, ки беш аз 40 нафар олимони навовар аз мактабҳои олии кишвар ба Кумитаи тадорукоти озмун ихтирооти худро пешниҳод кардаанд. Бояд тазаккур дод, ки ғолибони озмун бо мукофоти соҳавӣ ва молӣ қадрдонӣ мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






