Интишори китоби нависандаи тоҷик дар Перм
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо дастгирии «Иттифоқи тоҷикистониёни кишвари Перм» китоби навбатии нависандаи тоҷик Шомат Ҳайдаров таҳти унвони «Антропонимика. Топонимика. Этносотсиолингвистика» аз чоп баромад.Доктори илми таърих, корманди пешбурди илмии намояндагии Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии шӯъбаи дар Уралбудаи Академияи илмҳли Русия Александр Черних дар муқаддимаи китоб менависад, ки ин маҷмӯа натиҷаи ба худ хоси тадқиқоти Ш.Ҳайдаровро дар сарзамини Перм ҷамъбаст менамояд. Интишори чунин китоб, бешубҳа, аҳамияти зиёди илмию ҷамъиятӣ дошта, таваҷҷӯҳро ба таърихи қадимаю имрӯзаи мардуми Аврупо ва Осиё ҷалб менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






