Истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ меафзояд
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ афзун гардид. Корхонаҳои соҳаи мазкур истеҳсоли маҳсулотро баробари 49 фоиз зиёд кардаанд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати саноати сабуки Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Гулчеҳра Сангинова хабар дод.Мувофиқи суханони номбурда, сабаби афзудани истеҳсоли маҳсулот дар ҷумҳурӣ бунёд шудани корхонаю коргоҳҳои нави дӯзандагӣ мебошад, ки онҳо на фақат боиси афзун гардидани маҳсулот шудаанд, балки бисёр духтарону соҳибхоназанонро низ бо ҷойи кор таъмин намудаанд. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ, газвори пахтагин ва абрешим истеҳсоли маҳсулотро умуман коҳиш додаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






