Истиқлолияти Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон: дастовард ва мушкилот
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рўзҳои дуюм ва сеюми сентябри соли равон бахшида ба бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалии байналхалқии «Истиқлолияти Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон: таърихи ташаккул, дастовард ва мушкилот» баргузор мегардад.Дар конфронси мазкур пешниҳоди маърўзаҳо дар мавзўи «Ҷамъияти тоҷикон дар масири таърих: марҳила ва маҳалли сукунати онҳо», « Ҷамъияти тоҷикон дар Русияи муосир: ташаккул, ҷараёнҳои этникию иҷтимоӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ», «Ҷамъияти тоҷикон ва ҳуввияти миллӣ» дар назар аст.Аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҷамъияти тоҷикони муқими Аврупову Русия ва олимону адибон ширкат хоҳанд намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






