Кишоварзони Эрон бо кишоварзони тоҷик ҳамкорӣ менамоянд

Сентябрь 14, 2011 16:59

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 14 сентябр  дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати бонуфузи коршиносон таҳти роҳбарии  Раиси созмони ҷиҳоди кишоварзии вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии  Эрон Муҳандис Меҳрзод Хирад бо роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои дуҷониба баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ доир гардид.Зимни вохӯрӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ, рушди тухмипарварӣ,  кишти шолӣ, боғу токпарварӣ, бунёди гармхонаҳо,   истифодаи захираҳои фаровони обӣ барои рушди моҳипарварӣ, паррандапарварӣ   дар ҳайати кишоварзони эронӣ ва мутахассисони вазорати кишоварзӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳҳои корӣ тӯли чанд рӯзи наздик барои аз наздик  шиносоӣ пайдо намудан аз хоку иқлими минтақаҳои ҷумҳурӣ,  заминаву имкониятҳои мавҷуда барои дар оянда таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ,  аз ҷумла вилоятҳои  Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дидан менамоянд. Дар асоси хулосаву пешниҳоди гурӯҳҳои корӣ  дар назар аст, ки нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба  барои солҳои наздик дар соҳаи кишоварзӣ  омода карда мешавад. 

Сентябрь 14, 2011 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд