Куриёи Ҷанубӣ ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷӯҳ дорад

Сентябрь 12, 2011 15:17

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 8 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Кореяи Ҷанубӣ Ро Сонг Мин баргузор шуд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират дар ҷараёни мулоқот Сафиалло Девонаев ба сафир дар бораи таъсиси сохтори мустақили Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. С. Девонаев зикр намуд, ки айни замон бо баъзе кишварҳои хориҷӣ перомуни масоили муҳоҷирати меҳнатӣ робита барқарор гардидааст. Ёдовар мешавем, ки баъди ташрифи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба Кореяи Ҷанубӣ имконияти ҳамкорӣ бо ин кишвар фароҳам омад. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Кореяи Ҷанубӣ Ро Сонг Мин перомуни барқарор намудани ҳамкориҳо зикр намуд, ки кишвари ӯ ба рушди ҳамкориҳо доир ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷӯҳ дорад. Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили дигари муҳоҷиратро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сентябрь 12, 2011 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд