М. Аҳмадинажод: «Ободонӣ, пешрафт ва иззати Тоҷикистон — ободонӣ, пешрафт ва иззати Эрон аст»
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Шоми дирӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод баъди мулоқот ва маросими имзои санадҳо бо доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ зикр намуд, ки: «Мо ёддошти тафоҳумро дар мавриди сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Айнӣ дар рӯди Зарафшон ба имзо расонидем, ки иҷрои ин санад дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон боз як қадами муҳим хоҳад гашт. Мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки махсусан чор ноҳияи шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Масчоҳи кӯҳӣ 6 моҳ дар фасли зимистони сард умуман бе қувваи барқ мемонанд. Ҳарчанд мо хати интиқоли барқи Ҷануб- Шимолро бунёд кардаем, лекин боз ҳам иқтидор намерасад».Президенти кишвар изҳори боварӣ кард, ки иншооти мазкур бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба истифода дода мешавад.Маҳмуд Аҳмадинажод дар навбати худ зикр кард, ки «Робитаи Тоҷикистон ва Эрон ва Эрон бо Тоҷикистон як робитаи ихтисосист. Дарвоқеъ, мо ду пора аз як пайкарем. Нажоди мо, фарҳанги мо, оини мо, таърихи мо, одобу русуми мо, ҳатто андешаҳои имрӯзи мо бо ҳам як аст. Ободонӣ ва пешрафт ва иззати Тоҷикистон — ободонӣ, пешрафт ва иззати Эрон аст ва ба ҳамин тартиб дар мавриди Эрон бо Тоҷикистон аст. Мо дар Тоҷикистон эҳсоси ошной мекунем. Тоҷикон ҳам дар Эрон эҳсоси ошноӣ мекунанд.«Робитаи иқтисодӣ, робитаи фарҳангӣ, робитаи санъатӣ, робитаи илмӣ тафоҳуми хеле хубе шуд ки барои мубодилаи донишҷӯён, мубодилоти илмӣ як таҷрибаи хубро дар ихтиёри ҳам қарор бидиҳем. Пешрафтҳои илмӣ ва фанновариро дар ихтиёри якдигар қарор бидиҳем. Дар ҳамаи саҳнаҳо бояд дар канори ҳам бошем. Дар масоили чандҷониба ҳам лоиҳаҳои бисёр хуб таҳия шудаанд. Интиқолу обу барқ аз Тоҷикистон ба Эрон, хатти оҳан, роҳҳо ва ҳамин тавр интиқоли газу нафт аз Эрон ба Тоҷикистон дар назар аст»,- тазаккур дод Маҳмуд Аҳмадинажод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






