Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумат
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – 20 сентябр, баъд аз зӯҳр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумат баргузор гардид, ки дар он масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 баррасӣ шуда, доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда қарорҳои зарурӣ қабул гардид. Доир ба рафти корҳои омодагӣ ба мавсими пешомади тирамоҳу зимистон Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳаҳои энергетика, барқ, газ, хоҷагии комуналӣ, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, тоҷикматлубот, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, захираҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳисобот доданд. Зимни ҳисоботҳо, аз ҷумла зикр гардид, ки маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои харид, захира ва таъмини маводи сўхту ғизоӣ имсол нисбат ба соли 2010 2,2 баробар зиёд гардид. Корҳо барои захира намудани ангишт, гази моеъ, дигар маводи сўхт ва озуқаворӣ ба хотири таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолии кишвар муташаккилона идома дорад. Дар 8 моҳи соли равон 20 нерўгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт/с. сохта, ба кор дароварда шуд ва сохтмони 17 нерўгоҳи хурди дигар бо иқтидори умумии 7,9 ҳазор кВт/с. дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суолу ҷавоб ва суханронии худ ба масъулини дахлдор доир ба кам кардани талафоти техникии барқу газ, ҷамъоварии маблағи барқу гази истифодашуда, тезондани ғунучини ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захира ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, оғози киштукори тирамоҳӣ, таъмини фаровонию арзонии маводи ғизоию сўзишворӣ дар бозори истеъмолии кишвар, хуб омода кардани муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва аз соли оянда як баробар зиёд намудани майдони кишти картошка дар кишвар супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки имсол таъминот бо маводи сўхту озуқаворӣ ва умуман некӯаҳволии мардум нисбат ба соли гузашта бояд хеле беҳтар шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






