Машварати вилоятӣ

Сентябрь 23, 2011 17:15

Суғд, 23  сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ  Амонов). – Бо ташаббуси  муассисаи  давлатии «Маркази  идораи  лоиҳаҳо оид  ба  ҳалли  қарзҳои  хоҷагиҳои  пахтакор  ва рушди  устувори  соҳаи  пахтакорӣ» ва раёсати  байтории Вазорати  кишоварзӣ семинар  — машварат   доир  гашт.Дар  семинар  роҳбарони  фабрикаҳои  мурғпарварӣ,  соҳибкорон, намояндагони  раёсаҳои  байтории  шаҳру  ноҳияҳо ширкат  доштанд.Эмгузаронии  паррандагони  хонагӣ, ваксинаи  И — 2 истеҳсоли Урдун   ва  бемории  сирояткунандаи  хасактоун (нюкасл) масъалаҳое  буданд,  ки байни  иштирокдорон  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд. Эмгузаронии  паррандагони хонагӣ  асосан  мурғон  дар  се  ноҳияи  таҷрибавии  вилоят – Хуҷанд, Чкалов,  Табошар сурат мегирад, ки  барои  12085 сар  парранда дар  ду  давра  пешбинӣ  шудааст.Амалисозандаи  ин  барнома  Ҷамъияти масъулияташ  маҳдуди «Молдору» мебошад, ки  бо  ширкати  дорусозии  «Интерхем» — и Голландия ҳамкорӣ дорад.

Сентябрь 23, 2011 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид