Муҳокимаи фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуди ҶТ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — 28 сентиябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори бахши барномаҳои таълимӣ ва барномаи «Сиёсати ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мизи мудаввар перомуни баррасии «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогири кӯдакони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории мизи гирд муайян кардани вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроия баҳри амалӣ намудани Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир мебошад, ки бо ташаббуси Вазорати маорифи ҶТ ва дастгирии Институти «Ҷомеаи кушода» -Бунёди мадад таҳия гардида, онро моҳи апрели соли 2011 Ҳукумати ҶТ қабул кардааст. Баррасии масоили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии вазорату идораҳо оид ба амалӣ кардани ҳадафу вазифаҳои консепсия, огоҳ намудани ҷомеа аз раванди амалӣ кардани консепсия, муайян намудани масъулият ва ваколати сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин ҷамъомад дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






