Муҳокимаи масоили муҳоҷирони тоҷик ва ҳимояи манфиатҳои онҳо

Сентябрь 6, 2011 10:08

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо Директори Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия Константин Рамадановский, ки дар ҷумҳурии мо қарор дошт, мулоқот намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ривоҷу густариши муносибатҳо дар самти сиёсати муҳоҷират изҳори андеша намуданд.Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев дар рафти сӯҳбат доир ба масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ҳимояи манфиатҳои онҳо, талаботи бозори меҳнатии Федератсияи Русия мароқ зоҳир намуд.Константин Рамадановский аз фаъолияти сермаҳсули муҳоҷирони тоҷик, одобу рафтори онҳо ва саҳми муҳоҷирон дар болоравии сатҳи иқтисодиёти Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки зиёда аз 100 000 муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар соҳиби иҷозатномаи махсуси меҳнат(патент) мебошанд, ки ин ба онҳо имконият ва имтиёзҳои зиёд диҳад. Константин Рамадановский ҳамчунин дар бораи чораҳои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои ҷониби корфармо ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳарф зад.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои омӯзиши забони русӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат изҳори андеша карда, аз тақвияти ҳамкориҳо дар самти сиёсати муҳоҷират изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сентябрь 6, 2011 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад