Муҳокимаи назорат аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Сентябрь 20, 2011 16:59

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-22 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Оренбурги Русия доир мегардад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо дар бахши ҷустуҷӯ ва боздошти афроди ба ҷиноят дастзада, баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин роҳандозии назорат аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар назар дошта шудааст.Тибқи иттилои манбаъ баҳри иштирок дар ин ҷаласа имрӯз вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров ба шаҳри Оренбург сафар намуд.

Сентябрь 20, 2011 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад