Муҷассамаи нахустин поягузори давлати тоҷикон қомат афрохт

Сентябрь 8, 2011 15:25

Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муҷассамаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Фархор қомат афрохт. Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Шаҳриёр Мухторов ва меъмор Саидобид Ҳафизов сохта шудааст. Идораи фаръии манзилию коммуналии ноҳия фармоишгар ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Самар СМ» пудратчии иншооти ҷашнӣ мебошанд. Назар ба иттилои Раъно Мирзоева, муовини Раиси ноҳияи Фархор муҷассаммаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба мабалғи 360 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия дар зарфи 2 моҳ сохта шудааст. Муҷасамма, ки 7 метр баландӣ дорад, дар шафати бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор қомат афрохтааст. Мавриди зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон Сайфулло Гиёев ҳузур доштанд.13.45.

Сентябрь 8, 2011 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд