Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё

Сентябрь 21, 2011 14:53

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 20 сентябри соли 2011 дар Ню – Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маҷлиси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи осиёии ҳамкорӣ иштирок намуд. Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҷлис таҳти раёсати муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Сабоҳ ал – Сабоҳ сурат гирифт. Мақсади асосии ин муколама иборат аз суръат бахшидани муҳокимаи проблемаҳои муҳими қитъаи Осиё мебошад.Қобили зикр аст, ки соли 2012 раёсати маҷлиси вазирони корҳои хориҷии Муколамаи осиёии ҳамкорӣ ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

Сентябрь 21, 2011 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд