Натиҷаи вохӯриҳои якчаҳорфиналии ҷоми чемпионҳои Осиё
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Дар вохӯриҳои якчаҳорфиналии ҷоми чемпионҳои Осиё дирӯз дастаи «Чеонбук Хундай Моторс»-и Корея бо натиҷаи калон- 6 бар1 тими «Серезо Осака»- и Ҷопонро шикаст дод. Донг Конг дар ин дидор 4 голро ба самар расонид. Дар ҷамъи ду вохӯрӣ кореягиҳо ҳуқуқ пайдо карданд, ки ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбанд.Дар вохӯрии дуюми ин рӯз клуби футболи «Сеул» бар дастаи «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1 бар сифр пирӯз шуд. Вале аз натиҷаи вохӯрии даври аввал «Ал-Иттиҳод» ба даври дигар гузашт. Дар радифи ин вохӯриҳо имрӯз тими «Ал-Садд»-и Қатар бо «Фӯлоди Муборакии Сипоҳон»-и Эрон ва «Зубоҳан» -и ин кишвар бо «Самсунг Блувинс»-и Корея қувва меозмоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






