Омодагирӣ ба «Ҳаҷ-2011»
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита A. Холиқов машварати ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбаладон баргузор гардид. Муовини Раиси Кумита Ҷ. Ғиёсов оид ба рафти омодагӣ ба сафари «Ҳаҷ-2011» гузориш дод. Таъкид намуд, ки тамоми корҳои вобаста ба омодакунии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комилан анҷом ёфта, тибқи талаботи Дастурамал имсол гурӯҳҳо нисбат ба порсола 5 нафарӣ кам дар ҳайати 45 нафарӣ созмон дода шуданд. Дар асоси озмун бо назардошти забондонӣ ва доштани қобилияти ташкилотчигӣ роҳбаладон муайян ва пазируфта шуданд.Узви ҳайати корӣ, пизишк Абдулло Пиров ба маълумоти ҳозирин расонид, ки барои ёрии аввалини тиббӣ расонидан дар мавсими адои ҳач гурӯхи табибон сафарбар шудаанд. Пеш аз ҳама зарур аст, ки роҳбаладон аз аҳволи гурӯҳи худ пурра хабардор бошанд ва беморони хосро муайян карда, моро огоҳ намоянд.Ҳамчунин, Сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита С. Завқиев доир ба низоми будубош дар меҳмонхонаҳо сухан карда, аз роҳбаладон талаб намуд, ки ба ҳар як арзу шикояти ҳаҷкунандагон оид ба шароити зист оҷилан тадбирҳо андешанд. Ба одоби муоширати байни худ ва дигарон эътибори зарурӣ бояд диҳем.Таъкид карда шуд, ки тамоми корҳо дар мавсими ҳаҷ бояд аз рӯи адолат ва ба таври шаффоф роҳандозӣ карда шаванд. Як моҳи ҷаҳду талош, тавбаву надомат ва тоату ибодат барои хар як ҳоҷӣ бояд хотирмон бошад. Дастур дода шуд, ки Дастурамали адои ҳаҷ, ки аз тарафи гурӯҳи корӣ омода шудааст, як бори дигар дида ва ба тасвиб расонида шуда, пеш аз сафар ба ҳар як ҳаҷкунанда расонида шавад, то ки ба зиёрат омода шаванд.Дар ҷаласа ҳамчунин бобати ба роҳ мондани корҳои амалии фаҳмондадиҳии зоирин ҷиҳати иҷрои дурусти амалҳои ҳаҷ ва расонидани кӯмак ба пирон сухан рафт.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






