Пешгирии интиқоли ғайриқонунии ашёҳои таърихӣ
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Кормандони гумруки Панҷи Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як ҳолати интиқоли ғайриқонунии молу ашёҳои хусусияти таърихиву фарҳангӣ доштаро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани бағоҷи дастии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Забиҳуллоҳ Қудратуллоҳ, соли таваллудаш 1985, аз дохили он 43 адад матоъҳои қадимаи тариқи дастӣ гулдӯзӣ ва ороишкардашуда, инчунин ба миқдори 1735 адад шикастапора ва маснуоти заргарии гуногуншакл, 5 адад гарданбанд, 2 адад дастбанд, 5 ангуштарин, 2 адад медал, 3 ҷуфт гӯшворҳои гуногун, 620 грамм мӯҳраҳои марҷон ва 27 адад тангаҳои воҳиди пулии қадима, ки аз нуқра ва металҳои дигар сохта шуда, вазни холиси онҳо 6 киллограмму 460 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид. Забиҳуллоҳ Қудратуллоҳ ҳангоми пурсиш иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор ашёҳои таърихиро бо мақсади тиҷорат мехост ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол диҳад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парванда оғоз гардида, тафтишот давом дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






