Пойтахт ба зимистон то чӣ андоза омода аст?

Сентябрь 21, 2011 14:35

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 29 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе давъати чорум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар иҷлосия масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳаёти шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев дар бораи чораҳои таъхирнопазири омодасозии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ҳисобот медиҳад. Вакилони шаҳрӣ гузориши раиси комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак Маҳбуба Каримоваро низ мешунаванд. Тасдиқи як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Сентябрь 21, 2011 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд