Рӯзҳои таҷлили Истиқлолият мардум се рӯз истироҳат мекунад
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 9 сентябр мардуми Тоҷикистон иди миллии худ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро васеъ ид мекунанд. Ба муносибати ин иди фархундаи миллӣ сокинони Тоҷикистон се рӯз истироҳат менамоянд. Чун 9 сентябр ба рӯзи корӣ рост омада, 10 ва 11 сентябр рӯзҳои истироҳат ба шумор мераванд, бо назардошти ин мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» сокинони кишвар рӯзҳои 9, 10 ва 11 сентябр истироҳат менамоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев хабар дод.Манбаъ ҳамчун афзуд, ки бинобар иди истиқлоли ҷумҳурӣ 8 сентябр рӯзи корӣ баробари 1 соат кӯтоҳ карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






