Риоя нашудани қонун «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)»
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон А. Бузмаков, 350 нафар узви хоҷагии деҳқонии «Турсунзода» -и ноҳияи Вахш бе розигии сардори хоҷагӣ Мурод Турсунов ба узвияти ин хоҷагӣ шомил карда шудаанд. Сокинони хоҷагии мазкур моҳи августи соли 2010 бо мақсади ташкили хоҷагиҳои алоҳида ба раиси ноҳия бо ариза муроҷиат намуданд, аммо бо сабаби он ки ҳанӯз соли 2009 раиси хоҷагии «Турсунзода» М. Турсунов бе ризояти саҳмдорон хоҷагии мазкурро ба якчанд хоҷагии алоҳидаи деҳқонӣ тақсим карда, ба поймолкунии ҳуқуқҳои саҳмдорон роҳ додааст, боиси даъвои аъзои хоҷагӣ гардид. Сардори хоҷагии «Турсунзода» М. Турсунов бо рафтори худ Қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» -ро сарфи назар намуда, бе иштироки аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва бе имзои протоколи қарори маҷлис, хоҷагиҳои деҳқонии «Бӯрӣ», «Толиб», «Ҳосилот», «Камолиддин» ва «Абдулло Тоҳир» -ро ташкил кардааст.Ба иттилои манбаъ, зимни тафтиш зиёда аз 100 нафар саҳмдорон дар бораи бехабарӣ аз хоҷагиҳои навтаъсис баёнот додаанд.Бо вуҷуди дағалона вайрон кардани қонун «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят роҳи ҳалли қазияро наёфтаанд. Саҳмдорон хоҳиши ҳалли масъаларо пеш аз кишти тирамоҳӣ доранд. Барои ҳалли саривқтии масъала прокуратураи вилоят корро ба дасти худ гирифтааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






