Шӯҳрат ва абадияти Борбад

Сентябрь 21, 2011 15:08

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 4- 7»- таҳти чунин унвон нашриёти «Контраст»-и Душанбе китоби донишманди шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабовро бо забони тоҷикӣ ва ба шакли фишурда бо забони англисӣ аз чоп баровард. Дар рисола бо такя ба гузориши сарчашмаҳои хаттӣ дар муқоиса бо навиштаҳои пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ, таҳаввулоти сиёсӣ, вазъи эҷод ва вазъи мусиқӣ дар садаҳои 4- 7, махсусан замони поягузори маҷмӯи мӯҳташами мусиқии устодони тоҷику форс, сароянда, оҳангсозу таронасоз ва мусиқидони номвар Борбади Марвазӣ (585-628), ки дар аҳди имперотури муқтадири эронӣ-Сосониён (222-24- 651), хосса дар замони шоҳаншоҳ Хусрави Парвиз (590-628) зиндагӣ ва эҷод намудааст, ба риштаи таҳқиқ омадааст. Аскаралӣ Раҷабов, ки ҳамзамон сарварии Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Борбад)-ро ба ӯҳда дорад, дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки китоби мазкур ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1425 –солагии Борбади Марвазӣ ва 60-умин солгарди таъсисёбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидааст. Дар рисола зимни истифодаи гузориши навини сарчашмаҳои хаттӣ, ки солҳои охир нигоранда аз осорхонаҳои Ҳинду Эрон ва Аврупо дастёб намудааст, нақши фарҳанги авестоӣ дар ташаккули шаклу анвои шеърию мусиқии ҳирфаӣ, жанрҳои мӯҳташами силсилавии шеърию мусиқии «Хусравоин», «Каркӯӣ», «Лоскавӣ», «Уроманӣ», суннати ҳирфаию ғайриҳирфаии эҷоду иҷрои мусиқӣ, сабку равияҳои иҷроӣ дар тамаддуни мусиқии садаҳои 4-7, рӯи кор омадани ҳавзаҳои ҳунарӣ (Марв, Тайсафун- Тисфун, Бухоро ва Самарқанд), бардошту тавъами фарҳангҳои дигар ва бозтобию муассирияти он дар Ромишсарои Сосониён, гурӯҳбандии ҳирфаии аҳди созу овоз дар сохтори идории шоҳаншоҳӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, масоили рӯи саҳна омадани дастуру рисолаҳои хоссаи назарии созу овоз, падиди чеҳраҳои созу овоз, амсоли Борбад, Накисо, Ромтин, Саркаш, Озодвор, Гесӯи Навогар, Савсанаки Чангӣ, рушди ҳунари ҳирфаӣ ва ғайриҳирфаӣ, санъати эҷодию иҷроии госасароӣ, бунёди диди зебоишиносии ҳирфаии мусиқӣ, ҷараёнгирии вожаномаи амалию назарии созу овоз аз падидаҳои муассири замони Борбад буда, ва ин мавзуот бо такя ба гузориши сарчашмаҳо пажӯҳиши фаннӣ шудаанд. Дар муқоваи китоб расми ромишгар Борбади Марвазӣ ва чангнавоз аккосӣ шудааст. Дар дохили китоб бошад расмҳои сурнонавозон, ромишгарон, чангнавоз, барбатӣ, Хусрави Анӯшервон бо дарбориён, базми шоҳона, бозигар, барбатнавоз Баҳром дар шикоргоҳ гирд оварда шудааст. Докторҳои илмҳои филологӣ ва фалсафа Абдунабӣ Сатторзода ва Саъдулло Раҳимов муқарризони китоб мебошанд. Рисола чун армуғон ба дӯстдорони фарҳанг, пажӯҳишгарон, шогирдону устодони ҳунарҳои зебо эҳдо мегардад

Сентябрь 21, 2011 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЙВАСТИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос шуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Нақшаи қисми даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар сатҳи 110 фоиз таъмин шуда, 10,1 миллиард сомонӣ ворид гардид
На фақат сайр: интернети мобилӣ барои чӣ зарур аст?
Бар асари суқути ҳавопаймо дар Бразилия 61 нафар ба ҳалокат расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«Россотрудничество» ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Шаҳринав 300 номгӯй китоб тақдим намуд
Дастаи мунтахаби бадминтони Бадахшон соҳиби Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон шуд
Вазорати молияи Тоҷикистон бо шарикони рушд 18 созишнома ба имзо расонид
«ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон вохӯриҳо доир шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон толори варзишӣ ифтитоҳ гардид