Тӯли 20 соли соҳибистиқлолӣ 1700 километр роҳ таҷдид ва тармим шуд
Душанбе, 9 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-«Омили дигари муҳим дар пешрафти иқтисод рушди инфрасохтори нақлиёт ба шумор меравад. Маълум аст, ки кишвари мо бинобар кўҳсор буданаш давоми даҳсолаҳо аз сабаби набудани роҳ ба се қисмат ҷудо буд ва ҳамасола қариб шаш моҳ рафтуомади одамон аз як қисмат ба қисмати дигари мамлакат имкон надошт.Бо мақсади таъмини рафтуомади доимии мардуми ноҳияҳои гуногуни кишвар мо дар даврони истиқлолият як қатор шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳоро сохта, мавриди истифодаи умум қарор додем»,- зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Дар ин давра 1700 километр роҳҳои мошингард, 17 километр нақб ва беш аз 100 пул бунёд ва барқарор карда шуд. «Мо минбаъд низ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ талош хоҳем кард, зеро роҳҳо шоҳрагҳои асосии рушди иқтисоди ҳар як кишвар ва василаи ба ҳам наздик шудани одамон мебошанд», — зикр намуд Сардори давлат.«То имрўз мо қариб тамоми инфрасохтори нақлиёти автомобилиро таҷдид карда, Тоҷикистонро ба қаламрави воҳид табдил додем ва рафтуомади доимии нақлиётро ба тамоми манотиқи кишвар, инчунин ба давлатҳои ҳамсоя таъмин намудем. Ва ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат — раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ расидем»,- хулоса намуд Президенти кишвар.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






