Т.Алерс: «Бонки ҷаҳонӣ муқобили лоиҳаи сохтмони Роғун нест»
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 16 сентябри соли 2011 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот масоили бисёрҷонибаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Т.Алерс пас аз мулоқот бо хабарнигорони ВАО аз ҷумла, зикр намуд, ки : «Мо имрӯз бо ҷаноби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдем, то ки ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро муҳокима кунем. Бисёр бамаврид буд, ки ин корро ҳамин моҳ анҷом диҳем, зеро намояндагони аввал аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба ҶТ 20 сол пеш дар ҳамин моҳ омада буданд. 20 сол мешавад, ки Бонки Ҷаҳонӣ шарики ҶТ доир ба рушди ҷумҳурӣ аст ва мо мехоҳем, ки дар оянда низ ҳамин гуна ҳамкор монем.Дар мулоқот бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон доираи васеи масоили гуногунро дар алоқамандӣ бо дастгириҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ бо фаъолияти худ ба ҶТ пешниҳод менамояд, муҳокима ва баррасӣ намудем. Дастгирии Бонки ҷаҳонӣ самтҳои гуногунро дар бар мегирад, вале он дар назди худ як мақсади бунёдӣ дорад, ки он ҳам беҳтар намудани некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз ин ҷиҳат он дастгирие, ки мо мерасонем, хеле гуногунсоҳа аст. Масалан, аз се як қисми лоиҳаҳои мо ба бахши хоҷагии халқ, ки яке аз сарчашмаҳои асосӣ барои қисмати зиёди аҳолии ҶТ ба шумор мераванд, нигаронида шудааст. Аз се як қисми дигари лоиҳаҳои мо ба бахши захираҳои обӣ ва энергетика мансубанд. Маблағи умумӣ, агар ба ҳамаи лоиҳаҳое, ки бо дастгирии мо амалӣ мешаванд нигарем, дар маҷмӯъ тахминан 220 миллион долари ИМА-ро дар чаҳорчӯби 16 лоиҳа ташкил медиҳад. Тӯли 12 моҳи охир ба тариқи грантӣ ба маблағи тахминан 38 миллион доллари ИМА ин лоиҳаҳо маблағгузорӣ гардиданд. Ва мо боварӣ дорем, ки солҳои наздик маблағгузориҳо зиёд шуда ба 58 миллиони ИМА баробар мешаванд. Барои лоиҳаҳое, ки мо дар онҳо кор мекунем, беҳбуди хизматрасонии мунитсипалӣ дар назар аст. Дар бахши энергетикӣ мо барои баланд бардоштани самаранокӣ ва кам кардани зарар кор мекунем. Мо барои гузаронидани реформаи замин кӯмак мерасонем, ки ин барои бахши кишоварзӣ хеле муҳим аст. Мо ҳамчунин рушди бахши хусусиро низ дастгирӣ менамоем. Он чӣ ки ба НБО Роғун дахл дорад, ман мехоҳам як чизро фаҳмонам, зеро ки моҳи август дар баъзе ахбор, ки ба воситаи ВАО дода шуданд, нофаҳмиҳо ба миён омаданд. Бонки ҷаҳонӣ зидди лоиҳаи сохтмони Роғун нест, вале бисёр масоиле мавҷуданд, ки ба амнияти дарғот аз ҷиҳати экологӣ ва таъсири иқтисодӣ, масоили гуногуни муҳандисӣ, ки онҳоро дар робита бо лоиҳаи Роғун баррасӣ намудан зарур аст, вобастаанд ва ба Тоҷикистон маслиҳат ва тавсия аз рӯи ҳамаи ин самтҳо пешниҳод гардид. Ҳанӯз соли гузашта мо ризоияти худро барои маблағгузорӣ баҳри ду татқиқоти баҳодиҳӣ доир ба Роғун пешниҳод намуда будем. Пеш аз ҳама ин татқиқот доир ба масоили техникӣ ва иқтисодӣ ва татқиқоти дуюм ин таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳар дуи ин татқиқоти баҳодиҳӣ хеле хуб амалӣ мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






