Т.Алерс: «Бонки ҷаҳонӣ муқобили лоиҳаи сохтмони Роғун нест»

Сентябрь 16, 2011 18:01

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 16 сентябри соли 2011 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот масоили бисёрҷонибаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Т.Алерс пас аз мулоқот бо хабарнигорони ВАО аз ҷумла, зикр намуд, ки :  «Мо имрӯз бо ҷаноби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдем, то ки ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро муҳокима кунем. Бисёр бамаврид буд, ки ин корро ҳамин моҳ анҷом диҳем, зеро намояндагони аввал аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба ҶТ 20 сол пеш дар ҳамин моҳ омада буданд. 20 сол мешавад, ки Бонки Ҷаҳонӣ шарики ҶТ доир ба рушди ҷумҳурӣ аст ва мо мехоҳем, ки дар оянда низ ҳамин гуна ҳамкор монем.Дар мулоқот бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон доираи васеи масоили гуногунро дар алоқамандӣ бо дастгириҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ бо фаъолияти худ ба ҶТ пешниҳод менамояд, муҳокима ва баррасӣ намудем. Дастгирии Бонки ҷаҳонӣ самтҳои гуногунро дар бар мегирад, вале он дар назди худ як мақсади бунёдӣ дорад, ки он ҳам беҳтар намудани некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз ин ҷиҳат он дастгирие, ки мо мерасонем, хеле гуногунсоҳа аст. Масалан, аз се як қисми лоиҳаҳои мо ба бахши хоҷагии халқ, ки яке аз сарчашмаҳои асосӣ  барои  қисмати  зиёди аҳолии ҶТ ба шумор мераванд, нигаронида шудааст. Аз се як қисми дигари лоиҳаҳои мо ба бахши захираҳои обӣ ва энергетика мансубанд. Маблағи умумӣ, агар ба ҳамаи лоиҳаҳое, ки бо дастгирии мо амалӣ мешаванд нигарем, дар маҷмӯъ тахминан 220 миллион долари ИМА-ро дар чаҳорчӯби 16 лоиҳа ташкил медиҳад. Тӯли 12 моҳи охир ба тариқи грантӣ ба маблағи тахминан 38 миллион доллари ИМА ин лоиҳаҳо маблағгузорӣ гардиданд. Ва мо боварӣ дорем, ки солҳои наздик маблағгузориҳо зиёд шуда ба 58 миллиони ИМА баробар мешаванд. Барои лоиҳаҳое, ки мо дар онҳо кор мекунем, беҳбуди хизматрасонии мунитсипалӣ дар назар аст. Дар бахши энергетикӣ мо барои баланд бардоштани самаранокӣ ва кам кардани зарар кор мекунем. Мо барои гузаронидани реформаи замин кӯмак мерасонем, ки ин барои бахши кишоварзӣ хеле муҳим аст. Мо ҳамчунин рушди бахши хусусиро низ дастгирӣ менамоем. Он чӣ ки ба НБО Роғун дахл дорад, ман мехоҳам як чизро фаҳмонам, зеро ки моҳи август дар баъзе ахбор, ки ба воситаи ВАО дода шуданд, нофаҳмиҳо ба миён омаданд. Бонки ҷаҳонӣ зидди лоиҳаи сохтмони Роғун нест, вале бисёр масоиле мавҷуданд, ки ба амнияти дарғот аз ҷиҳати экологӣ ва таъсири иқтисодӣ, масоили гуногуни муҳандисӣ, ки онҳоро дар робита бо лоиҳаи Роғун баррасӣ намудан зарур аст, вобастаанд  ва ба Тоҷикистон маслиҳат ва тавсия аз рӯи ҳамаи ин самтҳо пешниҳод гардид. Ҳанӯз соли гузашта мо ризоияти худро барои маблағгузорӣ баҳри ду татқиқоти баҳодиҳӣ доир ба Роғун пешниҳод намуда будем. Пеш аз ҳама ин татқиқот доир ба масоили техникӣ ва иқтисодӣ ва татқиқоти дуюм ин таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳар дуи ин татқиқоти баҳодиҳӣ хеле хуб амалӣ мешаванд. 

Сентябрь 16, 2011 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!