Т. Шнайдер: «Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон тадриҷан майли поёнравӣ дорад»

Сентябрь 21, 2011 15:09

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор Тодд Шнайдер мулоқот намуд.Пас аз мулоқот Тодд Шнайдер андешаҳояшро ба хабарнигорони ВАО иброз дошта гуфт, ки: «Давоми даҳ рӯз намояндагони мо дар Тоҷикистон вазъи макроиқтисодии кишвари шуморо санҷиданд. Ҳамчунин, вазъи барномаҳои амалишавандае, ки аз тарафи Хазинаи Байналмилалии Асъор маблағгузорӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода шуданд». Вай афзуд, ки дафъаи гузашта мо бо масъулини Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати иқтисод ва савдо мулоқот доштем. Мо зимни мулоқот бо Президент Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои охирро мавриди баррасӣ қарор додем. «Тавре маълум аст, айни ҳол иқтисоди кишвари шумо он қадар бад нест. Иқтисодиёти кишвари шумо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 6 фоиз боло рафтааст ва мо умедворем, ки ин нишондод дар поёни сол 6 дарсади пурраро ташкил хоҳад дод»,- тазаккур дод Тодд Шнайдер. Роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи Байналмиллалии Асъор Тодд Шнайдер мӯътақид бар он аст, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа мушкилоти ҷиддиро дар худ дошт ва тавре мебинем, сатҳи таваррум дар моҳи май ба нуқтаи охири худ расида буд ва айни замон тадриҷан майли поёнравӣ дорад. Агар кишварҳои шарики Тоҷикистон ба ҳамин тарз фаъолияту ҳамкориҳои худро ба роҳ монанд, гумон мекунам барои кишвари шумо хуб аст.«Яке аз масъалаҳое, ки бо Президент мавриди баррасӣ қарор додем, ин густариш додани иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо ҳамчунин доир ба масоили поин рафтани сатҳи таваррум низ хеле сӯҳбати доманадор доштем. Ҳамчунин, доир ба зарурати идома додани тағйирот дар сохтори Тоҷикистон гуфтугӯ доштем. Ин тағйирот барои густариш додани фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти Тоҷикистон ва шуғли аҳолӣ манфиатдор мебошад. Масъалаи дигар вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз буд. Дар ин самт фикри мо як аст, яъне ба роҳ мондани як сохтори хуби андозбандӣ ва дар моҳҳои наздик ХБА дар ин самт ёрии техникии худро хоҳад расонид», -гуфт дар хотима Тодд Шнайдер.

Сентябрь 21, 2011 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид