Таҳияи Нақшаи сармоягузорӣ оид ба ислоҳоти маъмурикунонии андоз

Сентябрь 1, 2011 16:01

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 тасдиқ шудааст, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо коршиносони Бонки рушди Осиё нақшаи сармоягузориро таҳия намудааст. Яке аз мақсадҳои асосии нақшаи сармоягузорӣ — муайян намудани эҳтиёҷоти мавҷудаи Кумитаи андоз ҷиҳати ҷалби сарчашмаҳои маблағгузории дохиливу берунӣ, гузаронидани ислоҳоти пурсамар ва маҷмӯии маъмурикунонии андоз, афзун намудани самараи маъмурикунонии мақомоти андоз ва мустаҳкамгардонии ҳамкориҳо байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мебошад.Нақшаи сармоягузорӣ аз чор қисмати асосӣ, ба монанди рушди институтсионалӣ ва амалиётӣ, шарҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ иборат аст.Барои татбиқи Нақшаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис мегардад.Арзиши татбиқи Нақшаи сармоягузорӣ оид ба ислоҳоти маъмурикунонии андоз барои солҳои 2012 – 2014 ба маблағи 23,8 млн. доллари ИМА баҳогузорӣ шуда, 4 млн. доллари ИМА-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ намуда, барои таъмини 19,8 млн. доллари ИМА зарурати ҷалби маблағҳои донории ташкилотҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад.

Сентябрь 1, 2011 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад