Тарроҳон маҳорати рассомии худро сайқал медиҳанд
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 26 то 30 сентябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо ташаббус ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон семенари «Маҳорати рассомӣ дар ҷаҳорчӯби санъати муосир» баргузор мегардад. Семенари мазкур давраи дуюми омӯзиши тарроҳони ҷавон мебошад. Қаблан дар моҳи июн давраи аввали омӯзишӣ бо унвони «Фарҳанги миллӣ ва тарроҳии муосири графикӣ» доир гардида буд.Ба семинар донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми коллеҷҳои эҷодии ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур омӯзиши тарроҳони ҷавон дар соҳаи дизайни муосир бо истифодаи хусусиятҳои миллӣ ва дастгирии рушди иқтидори эҷодии рассомони он мебошад. Семинарро тарроҳони шинохтаи тоҷик Парвин Аминҷонов ва Мансур Ҳоҷибобоев мегузаронанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






