Татбиқи «Лоиҳаи минтақавӣ оид ба интиқоли қувваи барқ»

Сентябрь 12, 2011 09:43

 
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ, «Лоиҳаи минтақавӣ оид ба интиқоли қувваи барқ», ки 16 –уми сентябри соли 2010 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, ба имзо расида буд, 15 –уми июни соли 2011 аз тарафи шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба он хулосаи ташхиси ҳуқукқӣ дода шуд. Пешбинӣ шудааст, ки амалишавии лоиҳаи мазкур то 28 –уми феврали соли 2015 анҷом меёбад. Тибқи ҳисоби пешакӣ, ҳаҷми умумии лоиҳа 141 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 122 млн. доллари он маблағи бебозгашт (грантӣ) буда, 19 млн. доллар саҳми ҲукуматиҶТ мебошад.Лоиҳаи мазкур аз шаш қисмат иборат буда, ба он сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВт – и Қайроққум – Ашт, сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВта –и Геран — Румӣ, барқарорсозии зеристгоҳи 500 кВта – и Регар ва зеристгоҳи 220 кВта –и Бойғозӣ ва насби системаи идоракунии диспечерӣ дохил мегардад.Ба иттилои манбаъ, дар доираи татбиқи лоиҳа 500 адад такягоҳ, 430 километр ноқилҳои барқӣ, насби 240 адад трансформатор, 117 адад васлакҳо – ҷудокунакҳо ва васлу насб намудани 48 адад системаи идоракунӣ ва муҳофизавӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Сентябрь 12, 2011 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!