Тоҷикистон ба раванди мониторинги Эъломияи Париж ҳамроҳ гардид
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари миллӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ баҳри рушди Тоҷикистон» бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин роҳбарони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Муродалӣ Алимардон марҳилаҳои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, тараққиёт ва дастовардҳоеро, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, ёдовар шуда, қайд намуд, ки нақш ва дастгирие, ки аз ҷониби шарикон ҷиҳати рушди кишварамон ироа шудаанд, ниҳоят муҳиманд. «Ҳангоми мушоҳидаи комёбиҳои Тоҷикистон мехоҳам махсус онро қайд намоям, ки муддати ин солҳо мусоидат ва дастгирии доимӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ хеле назаррас буд. Кишварҳои донор, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, агентиҳои донорӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба тамоми фаъолияти ибтидоии мо мусоидат мерасонданд ва расонида истодаанд» — иброз дошт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






