Қӯшунҳои Сурия вориди Лубнон шуданд
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Шоми 12 октябр қӯшунҳои Сурия дар ҳудуди шаҳри Анҷари водии Беқаа вориди қаламрави Лубнони ҳамсоя гардиданд. Ба гуфти шоҳидон, 15 нафар низомиёни Сурия ба масофаи 150 метр вориди Лубнон гардида, дар теппае, ки аз он гирду атроф хеле хуб ба назар мерасад камин гирифтанд.