Қарзи хоричии Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Октябрь 25, 2011 17:32

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — То 1 октябри соли ҷорӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2,1 млрд. доллари  ИМА расида, 33, 4 фоизи онро маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Тавре ки аз Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва фоизнок аз буҷаи давлат 40 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ аз рӯи натиҷаи семоҳаи сеюми соли равон   6 млрд. 53,7 млн. сомонӣ ва ё 103,1 фоизи нақшаи дақиқшударо ташкил дод. Хароҷоти буҷаи давлат дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ беш аз 5,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млрд. сомонӣ зиёд аст.То 1 январи соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА иборат буд, ки 34,6 фоизи онро маҷмӯи махсулоти дохилӣ дар соли 2010 ташкил медиҳад.

Октябрь 25, 2011 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!