Ҳадяи синамогарони Ҳинд

Октябрь 3, 2011 16:07

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Шурӯъ аз имрӯз -3 октябр, тавассути Шабакаи аввали телевизони Тоҷикистон филми мустанади ба наворгирифтаи синамогарони Ҳиндустон намоиш дода мешавад. Филм, ки дар бораи Тоҷикистон ба  навор гирифта шудааст, дар он табиати биҳиштосою зебоманзари сарзаминамон, дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳунармандони Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Филм аз панҷ қисм иборат буда, онро ширкати «N.S FILMS»- и Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи радио ва телевизони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор гирифтаанд. Филм дар сатҳи баланди касбӣ таҳия шуда, аз ҷониби коршиносони бахши синамо баҳои баланд гирифтааст. Филм ба забони англисӣ ба навор гирифта шуда, Нилуфари Шамма продюссераш аст. Филм қаблан тавассути телевизионҳои давлатии Ҳиндустон намоиш дода шуда буд.Филм муддати 5 рӯз -аз 3 то 7 октябри соли равон аз соати 21.00 пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.

Октябрь 3, 2011 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид