Ҳамкориҳои ҶТ бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 12 октябри соли 2011 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Роҳбари Департамент оид ба барномаҳо ва ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Амрико, Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Ҷианни Магазенниро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мавдири баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, атрофи натиҷаҳои ҳисоботи даврии универсалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсон, ки аз ҳисоботи даврии универсалӣ бармеоянд ва роҳҳои пайгирӣ ва иҷрои ин тавсияҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






