Ҳамкории Тоҷикистон ва Финляндия дар соҳаи геология
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ба манзури татбиқи нуктаҳои Ёддошти имзошудаи байни Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финляндия 9 нафар коршиносони фин аз хадамоти геологии Тоҷикистон дидан карданд. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Сарраёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, фаъолияти муштарак ташкили бахши электронии геологӣ, рақамгузории иттилооти геологии воқеъ дар бунёдҳои геология, мониторинги равандҳои экзогении геологӣ, ташкили китобхонаю бойгонии муосир, ҳамчунин мадад ба ҳамкории минтақавӣ ва истифодаи иттилооти илмии геологиро дар назар дорад.Қобили зикр аст, ки шарикони мо аз Финляндия донишу малакаҳои мутахассисони моро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки бояд барномаҳои муосир муфассалтар омӯхта шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






