Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар сорҳаи комплекси кишоварзию саноатӣ
Маскав, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар шаҳри Минск маҷлиси серӯзаи Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси кишоварзию саноатӣ ва саноати коркарди озуқаи Тоҷикистон ва Беларус анҷом ёфт. Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири кишоварзии ҶТ, ҳамраиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Юсуф Султонноёбов роҳбарӣ мекард. Муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Леонид Маринич роҳбари гурӯҳ аз ҷониби Беларус буд. Дар ҷараёни сафар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси қисми белорусии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Игор Петришенко баргузор гардид.Аз рӯи натиҷаи мулоқоти гурӯҳи корӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум имзо гардид.Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






