Ҳоҷиёни тоҷик дар Макка қарор доранд

Октябрь 31, 2011 11:39

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз охирин гурӯҳи зойирини тоҷик ба хоки муқаддаси Арабистони Саудӣ ворид гардид. Тавассути ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр сокинони шаҳри Норак, ноҳияҳои Темурмалик ва Колхозобод ба шаҳри Ҷидда ва аз он ҷо тавассути автобусҳо ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ расиданд. Ҳамин тавр, аз шумораи умумии 5500 нафар аксарият барои адои ҳаҷ дар шаҳри Макка қарор доранд. Охирин ҳоҷиёни тоҷик, ки то имрӯз дар шаҳри Мадинаи мунаввара қарор доштанд, шоми 29 октябр ба шаҳри Макка омаданд.  То оғози ҳаҷи фарзӣ ва иди Қурбон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамарӯза ба зиёрати хонаи Каъба рафта, панҷ вақт намоз ва намози ҷумъаро бо ҷамоат мехонанд. Инчунин аксари ҳоҷиён бо роҳбаладон ҷойҳои муқаддас ва таърихии дини исломро тамошо менамоянд.  4 — уми ноябр ҳамаи ҳоҷиён барои идомаи ҳаҷ ва адои фарзҳои асосии он ба минтақаҳои Мино, Арафот ва Муздалифа мераванд. Аз ҷониби кормандони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи махсус аз ҳисоби роҳбаладон барои тақсимоти хаймаҳо дар минтақаи Мино, ки ҷои зисти муваққатии ҳоҷиён хоҳад буд, сафарбар гардидааст. Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барои ҳоҷиён тамоми шароит муҳайё карда шудааст ва барои боз ҳам аз наздик шинос шудан бо корҳои ташкилӣ дар мавсими ҳаҷ ва ҷараёни зиёрати шаҳрвандони Тоҷикистон раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов зимни сафари корӣ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина бо онҳо сӯҳбату мулоқот анҷом дод. Бо шарофати истиқлолият, ваҳдати комил ва сиёсати неку ояндасози роҳбарияти давлату Ҳукумати ҶТ шаҳрвандони тоҷик яке аз рукнҳои асосии дини мубини исломро бо истифода аз тамоми шароитҳои мусоид бо сари баланд адо менамоянд ва ҳамаи онҳо дуои шукуфоии ватан ва бақои давлати хешро менамоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Самариддини Айниддин аз шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.

Октябрь 31, 2011 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид