Ҳуҷуми мусаллаҳона ба нуқтаи мубодилаи асъори пойтахт
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шоми 24-уми октябр ду нафари ниқобпӯш ба нуқтаи мубдилаи асъори наздики бозори Шоҳмансур ворид шудаанд ва ба кормандони он бо таппончаи Макаров таҳдид намуда, кӯшиши ғорати нуқтаи мубодилаи асъорро кардаанд. Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд зимни ҳуҷум соҳиби нуқтаи мубодилаи асъор Н.Н.-и 54-сола ва писарони ӯ муқобилият нишон додаанд, ки дар натиҷа яке аз писарон аз пои чап ва писари дигар аз дасту қафаси сина ва сар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар айни замон ҷиҳати ошкор сохтан ва боздошти ҷинояткорон чораҳои фавриву ҷустуҷӯйӣ андешида мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






